- гузаргоҳ
- [گذرگاه]ҷои гузаштан, маъбар, убургоҳ; гузаргоҳи об ҷои равон шудани об, ҷараёнгоҳи об, маҷро
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.
гузар — I [گذر] 1. асоси замони ҳозира аз гузаштан 2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои гузаранда: тезгузар, зудгузар II [گذر] 1. гузаштан, гузариш; роҳи гузар гузаргоҳ, роҳи равуо 2. ҷои убур, гузаргоҳ; роҳи рафтуомад 3. сероҳа ё чорроҳаи… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
шлагбаум — [شلگبئم] олм. ғави бардошта ва фуровардашаванда барои бастани роҳ дар гузаргоҳҳои умумӣ (мас., дар ҷоҳое, ки роҳи оҳан гузаргоҳи умумиро бурида мегузарад) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ағба — [اغبه] ҷои аз ҳама пасти теғаи кӯҳҳо, ки ҳамчун гузаргоҳи мувофиқтари байни водиҳои ду тарафи кӯҳ истифода мешавад; ақаба, давон, гардана … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
анг — I [انگ] кҳн. қубурҳои сафолин, облӯлаҳо; гузаргоҳи зеризаминии об II [انگ] кҳн. нишон, тамға (болои молҳои тиҷоратӣ) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бодхон — [بادخوان] гузаргоҳи бод, сӯрох ва равзанаи бодгузар дар хона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
газа — [گزه] гуфт. гузаргоҳи кӯҳӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гардана — [گردنه] 1. воситаи пайвасткунандаи ду қисми ягон чиз, асбоб ва ғ. ; ҷои борик ва танги ягон чиз, асбоб ва ғ. 2. роҳи борику пурпечу хами байни кӯҳҳо, гузаргоҳи кӯҳӣ 3. ҷуғр. ҷои борики ду хушкии воқеъ дар об, ки онҳоро ба ҳам мепайвандад, барзах … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гузаргаҳ — [گذرگه] ниг. гузаргоҳ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гузор — I [گزار] 1. асоси замони ҳозира аз гузоштан ва гузор(и)дан 2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънии а) вазъкунанда, ҷорикунанда: қонунгузор, бидъатгузор; б) озодкунанда, барпокунанда: бунёдгузор, поягузор; в) таъминкунанда: сиёсатгузор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гулӯгоҳ — [گلوگاه] 1. маҷрои убури ғизо дар ҳалқ, гузаргоҳи гулӯ, ҳалқум 2. ҷуғр. оби борики байни ду қитъаи хушкӣ, ки баҳру уқёнус ё кӯлро ба ҳам мепайвандад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ